Дар зарфи 11 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 35 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 32%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур ҳудуди 110 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 65 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, қариб 47 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.
«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танафффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфаромён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон наздики 6,7 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи ҳудуди 2,9 млн. сомонӣ (тақрибан 600 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Ба санаи 1-уми декабри соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 55,3 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 47 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин давра ҳудуди 18 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва беш аз 4,6 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба наздики 3,2 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-ноябрисоли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 193 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар зиёдтар аст.



