Дар доираи шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру навоҳии вилоят иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гашт.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони ноҳия асосан ба парвариши картошка машғуланд. Тавре дар ҳисоботи Сӯҳроб Охунов, раиси ин ноҳия зикр гардид, дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ 63 хоҷагии деҳқонии беш аз 10 гектар замини корами обӣ дошта, вуҷуд дорад. Дар робита бо ин иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бояд таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ба хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ ба роҳ монда шавад.
Зимни мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин минтақа барои ташкили корхонаҳои коркарди маъдан шароити васеъ мавҷуд буда, ҷалби соҳибкорон барои таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба некӯаҳолии мардум мусоидат хоҳад кард. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таваҷҷӯҳи фаъолони ноҳияро барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, бунёди пулҳо, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, тарбияи насли наврас ва бунёди майдончаҳои варзишӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бояд вусъат ёбанд.
Сипас, дар деҳаи Оббурдони ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бинои маъмурии кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба истифода дода шуд. Ин бинои нав дорои ду утоқи корӣ ва ду синфхона буда, дар он таълими курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои масъулин бинои нав аз ҷониби ТҶММ-и вилояти Суғд бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, ба таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мусоидат хоҳад кард.
Худи ҳамин рӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо фаъолони ин ноҳия мулоқот орост. Дар мулоқот фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба риштаи таҳлил гирифта шуда, барои ҳалли як қатор мушкилот ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дода шуд. Аз ҷумла, барои ҷалби соҳибкорон ҷиҳати ташкили корхонаҳои хурду миёна, таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, таъмир ва навсозии роҳҳои маҳҳалӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, роҳбари вилоят аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки барои ободониву бунёдкорӣ фаъол бошанд.
Дар охири мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки дар ноҳия бунёди бозори яклухти фурӯши маҳсулоти хӯрока ва сару либос ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро ташкили бозор ба коста гардидани нарху наво дар бозори маҳаллӣ мусоидат намуда, ба сатҳи зиндагонии сокинони водии Зарафшон таъсири мусбӣ хоҳад расонид.



