Нигаронии вазири нақлиёт аз вазъи кунунии нақби «Истиқлол»


Чанде қабл зимни мулоқот бо намояндагони сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев даъват ба амал овард, ки ба корҳои анҷоми бозсозии нақби «Истиқлол» ҳарчи бештар суръат бахшида шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, вазир аз вазъи кунунии нақби «Истиқлол» изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки «агар корҳои боқимондаи нақб дар зимистон анҷом дода нашаванд, иҷрои ин корҳо дар тобистон мушкилтар хоҳад шуд».

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин масъала бояд дар фурсатҳои наздиктарин ҳаллу фасл гардад.

Ёдрас мекунем, ки ахири

моҳи ноябри соли гузашта

дар ҷаласаи кории вазорати мазкур оид ба анҷоми лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» бо иштироки намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва ширкатҳои эронии «Фароб», «Собир» ва «Садд ва туннели Порс» ҷониби Эрон уҳдадор шуд, ки то нимаи моҳи декабр масъалаи ба ихтиёри ширкатҳои эронӣ фиристодани маблағҳоро ҳал мекунад.

Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар рафъи мушкилот таъҷилан оғоз нагардад, ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт дар нақб ғайриимкон мегардад.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Даҳаи дуюми моҳи апрели соли 2013 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное