Вохӯрии роҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Date:


Имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Искандар Раҷабов ва ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милиса Курсан Асанов роҳбарӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайатҳо ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони навоҳии наздимарзӣ низ шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки дар

мулоқоти

ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...