Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори агентии иттилоотии “Озодагон” изҳори нигаронӣ намуд.
Дар иттилоияи рӯзи 13-уми январ интишорнамудаи намояндагии ИА зикр мегардад, ки намояндагии ИА ахиран аз боздоштгоҳ озод кардани ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда, ҳамзамон аз мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҳодисаи мазкур зуд ва ба таври дақиқ тафтиш гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
«Намояндагии ИА ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамаи чораҳои лозимиро андешида, ба хабарнигорон барои бе тарсу ҳарос иҷро карда тавонистани вазифаҳои касбияшон шароити мусоид фароҳам орад», – гуфта мешавад дар иттилоия.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагии ИА ҳамеша омода аст бо мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти озодонаи васоити ахбори умум ҳамкорӣ намояд.



