Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 баргузор гардид.
Тавре котибиматбуоти ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, оид ба ҷамъбасти фаъолияти фурудгоҳи Душанбе муовини Директори генералӣ Азиз Иброҳимов маърӯза карда аз ҷумла иброз дошт: «Айни замон Фурудгоҳи Душанбе бо 21 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад. (14-ширкати ҳавопраймоии кишварҳои ИДМ, 5-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷаи дур, 2-ширкати ҳавопаймоии дохилӣ).
Соли 2013 фурудгоҳи Душанбе барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон корҳои зиёдеро ба анҷом расонд.
Аз ҷумла: Дар толори марказии фурудгоҳ системаи нави сабти номи мусофирон, бағоҷ ва бори дастӣ платформаи «CUTE ULTRA DCS» пурра роҳандозӣ гардид. Системаи мазкур имкон медиҳад, ки суръати сабти номи мусофирон афзуда, азназаргузаронии автоматии бағоҷ ва бори дастӣ тариқи дастгоҳҳои «Рапискан» ба роҳ монда шавад.
Барои сабук намудани мушкили шаҳрвандони кишвар дар фурудгоҳ дар иртибот бо Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Россия низоми ягонаи «Онлайн» роҳандозӣ гардид. Агар аз хизматрасонии низоми мазкур соли 2012 -15 027 нафар истифода бурда ба 1029 нафар бобати манъи вуруд ба ФР иттилоъ дода шуда бошад, соли 2013 -77 121 шаҳрванд муроҷиат намуданд, аз ин шумора ба 9340 нафар бобати манъи вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия иттилоъ дода шуда, эҳтимолан ҳудуди 6 481 960 доллари амрикоии шаҳрвандони кишвар сарфа карда шуд.
Барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо таҷҳизот, мошин, механизм ва техникаи махсус зарур аст, аз ин хотир соли гузашта дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ют эйр-Лизинг» 24 адад мошин ва механизмҳои аэродромӣ харидорӣ карда шуд. Парки техникии фурудгоҳ зиёда аз 100 намуд техника ва механизмҳои гуногун дорад, ки бо истифода аз онҳо мутахассисон дар тамоми фасли сол, дар ҳама гуна шароити обу ҳаво хати нишасту парвоз, тавақуфгоҳҳо, роҳравҳои зимомиро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба парвоз омода менамоянд. Соли гузашта ҷуғрофияи парвозҳо васеъ гардид. Роҳбарияти фурудгоҳ бо ширкатҳои ҳавопаймоии машҳур «Flydubai» ва «Эйшн Экспресс Эйрлайн» ҳамкориро ба роҳ монд.
Соли 2013 дар маҷмӯъ ба 8422 адад парвозҳо хизмат расонида шудааст, ки аз ин шумора 7900 рейсҳои доимӣ ва 122 рейсҳои чартерианд. Соли гузашта ба 1.228,869 нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Интиқоли бор ва почта зиёда аз 2268 тоннаро ташкил кард.
Дар ихтиёри мусофирон толорҳои қабули меҳмонони воломақом ва ҳайатҳои намояндагони расмӣ (VIP) ва толори тиҷорӣ (CIP) вогузошта, ки соли 2013 аз ин толорҳо 35 026 нафар истифода бурдаанд. (VIP-12 838 нафар, CIP-22 188 нафар)
Моҳи апрели соли 2013 Ширкати сохтмонии «Винси» ба сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе шурӯъ кард то охири сол корҳои васлкунии конструксияҳои оҳану бетонӣ пурра анҷом ёфта, насбу васли иншооти коммуникатсионӣ шуруъ гардид.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» (Ҷайка) барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода карда шуд. Мутобиқи лоиҳа дар фурудгоҳи Душанбе бунёди терминали боркашонӣ ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), насби системаи чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳо (PALS) ҳудуди 15-20 млн доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад. Агар бунёди терминали боркашонӣ имкон диҳад, ки ҳамлу нақли борҳо ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои зиёди ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳи Душанбе ҷалб карда шаванд, системаи нави фурудоӣ имкон медиҳад, ки бехатари парвозҳо дар ҳама гуна ҳолат пурра таъмин гардида имкони истифодабарии хати нишасту парвоз аз ду самт таъмин гардад.
Таъкид гардид, ки дар соли 2014 фурудгоҳи Душанбе нақшаҳои зиёди истеҳсолиро тарҳрезӣ кардааст: бунёди терминали нави фурудгоҳ, вусъати доираи хизматрасониҳо бо мақсади дарёфти захираҳои иловагии молиявӣ, таҷдиди маҷмааи аэродром, сохтмони терминали боркашонӣ, ҷалби борҳои транзитӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо, такмили малакаву маҳоратҳои касбии кормандони фурудгоҳ, пурзӯр кардани низоми амният масъалаҳоеанд, ки бояд амалӣ шаванд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати авиатсияи граждании кишвар Иброҳим Ҷобиров, намояндагон аз ШКД, назорати сарҳад ва хадамоти муҳоҷират, ки дар фурудгоҳи Душанбе фаъолият доранд, иштирок намуданд.



