Дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Новосибирск 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марказ зимни мулоқоти корманди ба шаҳри Новосибирск сафарбаршудаи намояндагӣ бо сардори Раёсати хадамоти федералии иҷрочиёни судии вилояти Новосибирск Екатерина Комарова мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
«Зимни вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ба ин марказ шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон мувофиқи қарори суд барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират оварда шуда, ояндаи наздик ба ватанашон истирдод мегарданд», – зикр кард Аҳмадов.



