Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА


Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Дания ва Шветсияи Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ки таҳти  сарвари ҳайат Кент Херштед ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот анҷом дод.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки сафари ин ҳайатро нишони боз як тасдиқи рушди ҳамкориҳо миёни Точикистону Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), густариши робитаҳои мутақобила, бахусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ мекунад.

«Дар идома Зуҳуров зикр кард, ки ҳамкории имрӯзаи Тоҷикистон бо кишварҳои узви САҲА амалан тамоми ҷанбаҳои фаъолияти онро таҷассум карда, дар бахшҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, бунёди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунҳои миллӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди терроризми байнулмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коррупсия, таҳкими марзҳо ва тақвияти густариши муносибатҳои минтақавӣ ҳамкории муваффақона ба роҳ монда шудааст», – таъкид дошт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қайд кардааст, ки мусоидат ба Афғонистон дар расидан ба сулҳу созиш, раҳоӣ аз вазъи таҳдиди доимии низомӣ ва мубориза бо ҷинояткории марбут ба маводи нашъаовар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими хамкориҳо ва тадбирҳои муштарак дар доираи Ассамблеяи Парлумонии САҲА ва ҳамаи кишварҳои аъзои он ба шумор рафта, хурӯҷи қарибулвуқӯъи эътилофи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ба ин таҳдидҳо тақвият мебахшад.

«Зуҳуров ҳамчунин таъкид дошт, ки барои расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон Тоҷикистон амалҳои зиёдаро ба субут расонида метавонад ва барои ноил гардидан ба чунин ҳадаф, танҳо дастгириву ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Зуҳуров гуфт, дар ин робита зикр мекунем, ки лоиҳаи аз ҷониби мо пешниҳодшуда оид ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Мазори Шариф – Ҳирот ҳамасола метавонад садҳо миллион доллари ИМА даромад орад ва ба рушди иқтисоди минтақаи шимоли Афғонистон мусоидат кунад. Ё лоиҳаи CASA-1000 ба маблаги 700 млн. доллари ИМА, ки ба таъмини Афғонистон бо нерӯи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза шароити мусоид фароҳам меоварад. Сохтмони нерӯгоҳи ҳаётан муҳим барои мо – нерӯгоҳи «Роғун» низ ба амнияти энергетикии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард», – қайд кард Султонов.

Ба қавли Султонов, дар навбати худ, сарвари ҳайати  Парлумони Аврупо Кент Херштед низ иброз доштааст, ки боздиди чунин ҳайати бонуфузи Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон бори аввал нест  ва онҳо умедворанд, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишаванда ҳалли мусбӣ ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт. Мавсуф таъкид намуд, ки бо таваҷҷӯҳ ба он, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар арсаҳо дар ҷаҳони муосир дар ҳоли тағйир ёфтан аст, моро лозим аст, ки дар доираи ин таҳаввулот ҳамкориҳои худро боз ҳам густардатар ба роҳ монем

spot_imgspot_img

Популярное