Дар мулоқоти чанде қабли вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо намояндагони ширкати сохтмонии ҶСП «Возрождение»-и Русия масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот намояндагони ширкати русиягӣ изҳор намудаанд, ки дар Тоҷикистон намояндагии ширкатро боз намуданианд ва ҳамчунин имкон доранд, ки дар асоси лизинг Тоҷикистонро бо техникаи сохтмонӣ низ таъмин кунанд.
«Намояндагони ширкати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки имрӯз ба кор шурӯъ кард, ба Душанбе ташриф оварданд», – гуфт манбаъ.



