Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон. Оғоз соати 10:00;

– Дар мусобиқоти футболи Ҷоми Иттиҳод – 2013 дар Санкт-Петербург дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Эстония қувваозмоӣ мекунад;

– Нишастҳои хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ соати 15:00) ва Вазорати кишоварзии ҶТ (соати 10:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7752

сомонӣ;


1

евро

– 6.4730

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


26



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1848

— Дар Калифорния (ИМА) порчаи худрӯи тиллои холис дарёфт гардида, соли минбаъд тамоми Амрикоро «изтироби тиллоӣ» фаро гирифт.


1976

— Фалокати бузургтарини асри XXI – садамаи танкери бузурги Olympic Bravery бо ғунҷоиши оби 250 ҳазор тонна.


2002

— Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо роҳбари ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомид Карзай дар Душанбе Баёнияи муштарак дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -2+3;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот , рӯзона каме борон меборад, туман.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона


бидуни боришот, рӯзона боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +2+4.

spot_imgspot_img

Популярное