Муҳоҷирати кории ҳудуди 800 ҳазор нафар тоҷикистониён дар соли гузашта



Соли гузашта ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли сипаришуда зиёда аз 964,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 8000 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 101 ҳазор нафар баробар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 788,5 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Дар ин давра беш аз 642,8 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки наздики 552,9 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 90 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное