Мулоқоти роҳбарони сохторҳои заддимухаддаротӣ дар Кобул

Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул 28-29 январи соли 2014  мулоқоти роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротӣ ва намояндагони салоҳиятдори Афғонистон, Эрон, Хитой, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон оиди масъалаи рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои ҳамсоя дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баргузор гардид.

Тавре Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Тоҷикистонро дар вохӯрӣ ҳайати намояндагони Агентӣ зери роҳбарии сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ генерал-майор Назаров Т.К. муаррифӣ намуд.

Дар вохӯрӣ вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Мубориз Рашидӣ оиди вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар кишвар ва нақшаҳои ояндасози Ҳукумати Афғонистон дар соҳаи назорат аз болои маводи нашъаовар муфассал нақл намуд. Ӯ қайд намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар соҳаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисон як қатор мушкилот эҳсос менамоянд. Вобаста ба ин ӯ ҳамкории байни идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар соҳаи табодули иттилоот, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва омӯзонидани кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистонро дар марказҳои таълимии Тоҷикистон махсусан қайд намуд.

Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назаров Т.К. дар баромади худ қайд намуд, ки танҳо дар соли 2013 барои кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон 2 курси омӯзишӣ ташкил карда шуда буд, ки дар он 26 корманди полис таълим гирифтанд. Ба ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани тахассусоти таҳлилгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар соли 2012 бо дастгирии Раёсати СММ оид ба ҷиноят ва маводи нашъаовар кормандони Агентӣ 2 курси омӯзиш барои ҷузъу томҳои таҳлилии Полиси Афғонистон гузарониданд. Чунин курсҳо аз соли 2008 мунтазам гузаронида мешаванд.

Агентӣ тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ низ ба сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон дар масъалаи омодасозӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони онҳо кӯмаки амалии худро расонад

Инчунин ба иштирокчиёни мулоқот пешниҳодот барои шиддатноктар намудани чораҳои назоратӣ аз болои муомилоти прекурсорҳо, ба як шакл даровардани санадҳои меъёрии кишварҳои минтақа, ки масъалаҳои мубориза бар зидди маводи нашъаоварро ба танзим медароранд, инчунин чораҳои таҳияи моддаҳои Изҳороти муштараки «Муколамаи Душанбе» ворид гардид.

Муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ дар баромади худ ҳамкории манфиатовари мақомоти салоҳиятдори Афғонистон ва Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар қайд намуд, ки он дар гузаронидани амалиётҳои муштарак, табодули иттилоот ва омӯзиши кормандон ифода ёфтааст.

Ӯ нақши афсарони алоқаи Агентиро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки дар он ҷо аз соли 2005 инҷониб кор карда истодаанд, баланд арзёбӣ намуд ва аз афсарони алоқаи ВКД Афғонистон, ки соли 2013 ба кор шурӯъ намуданд, арзи умедворӣ намуд. Аҳмадӣ ташаббуси Агентиро оид ба ташкил намудани курсҳои махсус барои кормандони мақомоти салоҳиятдори Афғонистон дар соли ҷорӣ дастгирӣ намуд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот иштирокчиён баённома қабул намуданд, ки дар он ба саъю кӯшишҳои Афғонистон дар соҳаи назорат аз болои маводи нашъаовар ва рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашаовар баҳои баланд дода шудааст.

Ҳайати вакилони Эрон пешниҳод намуданд, ки мулоқоти оянда дар шаҳри Теҳрон гузаронида шавад.

spot_imgspot_img

Популярное