Ҳукми 12,5 соли зиндон ба келини сафири Тоҷикистон дар Белорус



Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Муштарӣ Муборакшоеваро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки Муборакшоева аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми кӯшиши интиқоли 2,5 кило маводи нашъаовари героин ба Маскав боздошт шуда буд.

Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус дар фурудгоҳи Душанбе зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав – Минск боздошт гардида буд. Дар бағочи сафарии онҳо 2,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт гардид. Муфаттишон хабар дода буданд, ки героин дар пинҳонгоҳи таги ҷомадон ошкор карда шуд.

Рӯзи дигар, 17-уми сентябр Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар ин қазия нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд ва алҳол маълум нест, ки ҷомадон ба кӣ таллуқ дорад. Баъдан маълум шуд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо келини дипломат дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Қоимдод Қоимдодов ба ҳайси мушовири Суди иқтисоди Белорус фаъолият дошта, бо ҳамсараш дар шаҳри Минск иқомат дошт.

Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Белорус аст. Қаблан ба ҳайси муовини раиси парлумон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное