Субҳи имрӯз занони “исёнгар”, ки рӯзи 9-уми декабри соли сипаришуда ба баргузории брифинги Раҳматилло Зойиров монеа эҷод карда буданд, бори дигар ба дафтари кории Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омаданд, аммо вориди он шуда натавонистанд.
Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аъзои ҳизб ва шоҳидони воқеа иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, субҳи 1-уми феврал 7-8 зан бо доду фиғон дари дафтари кории ҳизбро мекӯфтанд, аммо чун дар баста буд, вориди дафтари корӣ шуда натавонистанд.
Дар робита ба ин ҳодиса раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи Facebook имрӯз баёния нашр кард. Зойиров қайд мекунад, ки дар давоми ду моҳ дафъаи дуюм аст, ки як гурӯҳи муташаккили занон назди қароргоҳи ҲСДТ тазоҳурот ташкил мекунанд.
“Бояд қайд намоям, ки ин дафъа на нишасти матбуотӣ, балки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ таъин шуда буд, ки дар он «Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016», масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҳизб барои соли 2014 ва чанд масъалаи дигар баррасӣ мешуд. Аммо 31-уми январи соли 2014 бо сабаби беморӣ ҷаласа мавқуф гузошта шуд”, – қайд мекунад Зойиров.
Ба иттилои ӯ, занҳои имрӯз омада ҳамон занҳое буданд, ки 9-уми декабри соли сипаришуда ба дафтари кории ҳизб ҳамла карда буданд ва монеи баргузории брифинг шуданд.
“Соати 9:53 дақиқа ман ба сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Душанбе Б.Шарифхонов, ки мутасаддии баррасии Аризаи ман оид ба тазоҳурот мебошад, телефон карда, ба иттилои ӯ расондам, ки ҳамин гуна гурӯҳи занон дар назди кароргоҳи ҳизб боз тазоҳурот доранд. Дар ҳамин вақт раиси маҳалла ба нозирони минтақавӣ телефон карда, онҳоро оиди тазоҳуроти занон огоҳонидааст. То омадани намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва узви ҲСДТ тазоҳуротгарон даъво доштаанд, ки Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар кароргоҳ паси дарҳои пӯшида ҷаласа баргузор дораду аз тарсу ҳарос дари қароргоҳро ба мо намекушоянд. Вақте ба онҳо мегӯянд, ки дар қароргоҳ ягон ҷаласа нест, онҳо бовар накарда, талаб мекунанд, ки ба қароргоҳ ворид шаванд. Дар ин ҳолат намояндаи ҳизб дарро мекушояд, то як нафар даромада, бовар ҳосил кунад“, – омадааст дар баёнияи Раҳматилло Зойиров.
Ба иттилои ӯ, пас аз ин чанд нафари занони “исёнгар” дафтари кории ҳизбро тарк мекунанду 4-5 нафари боқимондаро, ки интизори омадани раиси ҳизб буданд, намояндагони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ пас аз гирифтани баёнот озод мекунанд.



