Вобаста ба омодагирӣ дар мавсими зимистони имсола, бахусус дар ҳолатҳои боришоти барфу борони рӯзҳои 31-уми январ ва 1-2-юми феврал ва дар асоси огоҳии муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ, ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ба ҳолати омодабошии доимӣ гузаронида шуданд.
КҲФ ва МГ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар кардан тариқи шоҳроҳҳо ва ағбаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Дар ин бора маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ хабар медиҳад.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, сардиҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ то 5-уми феврал идома меёбанд.



