Фаттоҳ Саидов дар бораи қазияи Зайд Саидов ва амволи ӯ



Тафтиши панҷ парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ нисбати соҳибкор Зайд Саидов, ки ахири соли гузашта ба

26 соли зиндон маҳкум шуд

ва ҳаммаслакони ӯ феълан идома дорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Саидов ва ҳаммаслакони ӯ тафтиши 3 парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 2 парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ давом дорад.

Дар посух ба савол дар бораи амволи мусодирашудаи соҳибкор роҳбари Агентӣ зикр кард, ки бо қарори суд то ба имрӯз танҳо корхонаи «Тоҷикатлас»-и мутааллиқ ба Зайд Саидов ба давлат баргардонида шудааст.

Дар ин робита Ф.Саидов ҳамчунин қайд кард, ки ошхона ва мағозаи мӯди воқеъ дар бинои Вазорати саноат, ки замони вазирии З.Саидов ба номи зан ва писараш хусусӣ гардонида шуда буданд, ба давлат баргардонида шуданд, чунки онҳо дар бинои сохтори давлатӣ ҷойгиранд.

«Амволи боқимондаи Зайд Саидов ва хешони наздики ӯ таҳти ҳабс қарор дошта, агар дар суд бо роҳи сохтакорӣ ба номи наздиконаш сабти ном шудани ин амвол собит гардад, он ҳам ба ихтиёри давлат супурда мешавад», – афзуд роҳбари Агентии зиддифасод.

spot_imgspot_img

Популярное