БМТ 5 навъи тангаҳои хотиравӣ баровард



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ифтихори “5500-солагии Саразм”, “3000-солагии Ҳисор” ва силсилаи “Бозиҳои олимпӣ” – “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Лижаронии поёнсӯ”(Слалом) ва “Биатлон” панҷ намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 50 ва 100 сомонӣ баровард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тангаҳо аз нуқраи холис сохта шуда, бо ҳадафҳои нумизматӣ бароварда шудаанд.

Гуфта мешавад, ин тангаҳои хотиравӣ бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои нумизматӣ дар Сиккахонаи Майер (Олмон) сикка зада шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное