Оғози қабули электронии эъломияи андоз аз даромади хизматчии давлатӣ



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули электронии эъломияи андоз аз даромади хизматчии давлатӣ оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, чанде қабл дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии раванди қабули электронии эъломияи андоз аз даромади хизматчиёни давлатӣ бо иштироки Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А.М. доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Қайд гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат бар зиддӣ коррупсия, поквиҷдона ва садоқатмандона ба роҳ мондани адои вазифа дар хизмати давлатӣ, тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони мансабҳои давлатӣ дар мавриди таъйин (интихоб) ба мансаб ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор уҳдадор карда шудаанд, ки ҳар сол ба мақомоти андози ҷои истиқоматашон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даромадҳояшон эъломия пешниҳод намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки талабот оид ба пешниҳоди ҳисобот оид ба даромади молиявӣ ва вазъи молу мулкии шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба хизмати давлатӣ даромаданро доранд, ё ин ки алакай дар хизмати давлатӣ адои вазифа менамоянд, на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми малмакатҳои ҳуқуқбунёди ҷаҳон пешбинӣ карда шудааст.

Мақсад аз пешбинӣ намудани ингуна талабот дар қонунгузорӣ, пеш аз ҳама барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти хизмати давлатӣ, даъвати хизматчиёни давлатӣ ба хизмати поквиҷдона ва содиқона ба ватану мардуми кишвар, равона карда шудааст.

Дар навбати худ, Кумитаи андоз кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо мақсади сарфаи вақти хизматчиёни давлатӣ ва равона намудани диққати асосии онҳо ба адои бевоситаи вазифаҳои хизматии худ, раванди пешниҳоди эъломия оид ба даромади хизматчиёни давлатиро ба таври максималӣ содда ва аз ҷиҳати сарфаи вақт камхарҷ намояд.

Дар ин ҷодда, бо истифодаи технологияи муосир дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба таъсис ва рушди Ҳукумати электронӣ, аз тарафи мутахассисони Кумитаи андоз портали хизматрасониҳои электронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Имрўз, бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як мақомоти давлатӣ бо технологияҳои муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз истифодаи шабакаи иттилоотии «Итернет» бархурдор мебошад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки хизматчиёни давлатӣ аз утоқҳои кории худ бо истифодаи шабакаи «Интернет» ба портали электронии хизматрасониҳои Кумитаи андоз

ворид шуда, тибқи тартиби муқарраршаванда эъломия ва ҳисоботҳои худро пешниҳод намоянд.

Қайд гардид, ки Кумитаи андоз дар доираи “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011 – 2015” кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки доираи хизматрасониҳои худро дар шакли электронӣ ҳарчи бештар васеъ намуда, барои муқовимат бахшидани пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ки вохўрии бевоситаи андозсупорандагон бо кормандони андозро коҳиш медиҳад, сарфаи вақти андозсупорандагон барои пешниҳоди эъломия ва ҳисоботҳо, сарфаи вақти хизматчиёни давлатӣ барои пешниҳоди эъломия оид ба даромад ва ғайраҳоро тақвият бахшида истодааст.

Дар рафти муҳокимарониҳо иштирокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз иштирокдорон ва хизматчиёни давлатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои бо тариқи эълектрони пешниҳод намудани эъломияи андоз аз даромади хизматчии давлатӣ ташабуссноктар бошанд. 

spot_imgspot_img

Популярное