Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Дар осоишгоҳи «Баҳористон» бо иштироки дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистону Қазоқистон мусобиқоти байнулмилалии футбол ҷараён дорад;

– Гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон ташриф меорад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8012

сомонӣ;


1

евро

– 6.4833

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1386

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1962

– Анҷумани III-юми оҳангсозони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.


2004

– Миёни Тоҷикистону Афғонистон Созишнома «Дар бораи сохтмон ва истифодаи пул тавассути рӯдхонаи Панҷ» ба имзо расид.


2010

– Сафири Эрон дар ҶТ А.Шеърдӯст хабар дод, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз шабакаи телевизионии форсизабонони се кишвар – Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон ба фаъолият оғоз мекунад.


2012

— Дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти нави ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» ба кор оғоз намуд


1913

– Зодрӯзи оҳангсоз Насим Пӯлодов.


1914

– Мавлуди актёри кино Зоҳир Дӯстматов, иҷрокунандаи нақши судхӯр Қорӣ-Исмат дар кинофилми «Марги судхӯр».


1936

– Зодрӯзи шоир ва публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.


1940

– Мавлуди рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.


1941

– Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев.


1941

– Мавлуди муаррих Абдукабир Гадоев.


1948

– Зодрӯзи сароянда Қурбон Содиқов.


1952

– Мавлуди журналист Нарзулло Латифов.


1956

– Зодрӯзи журналист, котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.


1965

– Мавлуди журналист Акбаралӣ Сатторов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Чархи гардун».



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1-6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -3-8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -1-6;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -9-14.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -3-5.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1-3.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -2-4.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -1-3.

spot_imgspot_img

Популярное