Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сараввал маҷлисро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро барои ташрифи аҳлона арзи сипос намуд. Дар ҷамъомад як масъала – Интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» мавриди баррасӣ қарор ёфт. Туфайли овоздиҳии кушода шумораи аъзои Шӯро 13 нафарро дар бар гирифт. Ба овоздиҳии кумулятивӣ Қоҳир Расулзода, Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович, Азим Иброҳим, Қурбонов Абдусалом Каримович, Шариф Раҳимзода, Менглиев Рустам Шомуродович, Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич, Қодири Қосим, Комилов Абдувалӣ Ҳакимович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич, Ахмедов Ҷамшед Ҷалолович, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва Неъматов Муқим Мамадҷонович аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки мутобиқи моддаи 45, банди 1 сархати 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ» ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», ки 15 июни соли 2013 дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб гардида буданд, пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.



