Муколамаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон



Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе даври панҷуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор гардид. Мақсади гузаронидани муколамаи мазкур ин ҷамъбаст намудани натиҷаҳои соли гузашта аз рӯи ҳолати аз ҷониби тарафҳо иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Музаффар Ашӯров, сардори Шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Швейтсарияро Паул Коллер Фиристодаи махсуси Вазорати федералии корҳои хориҷии Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон роҳбарӣ намуд.

Ба иттили манбаъ, зимни муколамаи мазкур масъалаҳои омодагӣ ва мониторинги Шарҳи универсалии даврии (УПО) Шӯрои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон ва зӯроварии хонаводагӣ, муҳоҷират, мубориза ба муқобили шиканҷа, ҳукми қатл ва ҳуқуқ ба манзил баррасӣ шуданд..

 Зимнан зикр мегардад, ки гузаронидани Муколамаи навбатӣ оид ба ҳуқуқи инсон соли 2015 дар Швейтсария ба нақша гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное