Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Дар пойтахти Қирғизистон ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон натоиҷи фаъолияти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили низомӣ ва марзӣ ва ҳамчунин дигар масоили марбут ба аломатгузорӣ ва ташхис дар марзи давлатӣ ва истифодаи роҳҳои наздимарзиро баррасӣ хоҳанд мекунанд;

– Соати 10:00 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъваои собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким нисбат ба ҳафтавори «Самак» идома меёбад;

– Бахшида ба Рӯзи Валентинаи Муқадаас дар «Vefa-center»-и Душанбе консерти овозхон аз Русия SHAMI доир мегардад. Меҳмони махсус: MASTER ISMAIL (M.One). Нархи билет – 80 сомонӣ.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8014

сомонӣ;


1

евро

– 6.4995

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1385

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1929

– Таъсиси рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (феълан «Халқ овози»).


1960

– Таъсиси мактаб-интернати комплексӣ дар Лучоб (ш.Сталинобод).


1962

– Ифтитоҳи корхонаи консервбарорӣ дар ш. Қӯрғонтеппа.


2007

— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонуни нав «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро қабул кард.


1941

– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев.


1955

– Мавлуди доктори улуми филология Маъруф Раҷабӣ.


1957

– Зодрӯзи журналист Муҳаммадмурод Сайдалиев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона -1-6.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -6-11.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0-2.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0+2.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0+2.

spot_imgspot_img

Популярное