Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Иброҳим Раҳимпур ба журналистон изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барқарор кардани фаъолияти нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда-2» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дипломати эронӣ ба журналистон хотирррасон кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» даҳаи аввали моҳи январ бинобар сабаби мушкилоти техникӣ қатъ карда шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки ояндаи наздик фаъолияти нерӯгоҳ дар Тоҷикистон барқарор карда хоҳад шуд.
Шоми рӯзи 14-уми феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуда, ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.



