Пас аз чопи шумораи нахусти ҳафтавори «Ҳафта» аз 15-уми январ Вазорати фарҳангӣ ҷумҳурӣ чоапи минбаъдаи онро боздошт. «Хафтавори «Ҳафта» идомаи нашрияи «Овоза ва Ҳақиқат» аст, ки аз моҳи марти соли 2011 то моҳи октябри 2013 ба табъ расида буд.
Сардабири ҳафтавор Абдуқаюми Қаюмзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Вазорати адлия далел овардааст, ки газета самти фаъолияташро аз фарҳангиву маърифатӣ ба ҷамъиятиву сиёсӣ тағйир додааст. Дар номаи Вазорати фарҳанг бо истинод ба «Азия-Плюс» зикр гардидааст, ки «бо тағйири ном мундариҷаи ҳафтавор низ дигар шудааст. Ба рӯйхати масъалаҳое, ки журналистон инъикос мекунанд, ҳамчунин мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ дохил мешаванд».
Ҳамин тариқ, раҳбарияти вазорат пас аз баррсаӣ ба чунин хулоса расидааст, ки ҳафтавор хилофи оинномааш амал мекунад, ки дар он ҳафтавор нашрияи фарҳангиву маърифатӣ бо ҳиссаи зиёди реклама зикр шудааст.
«Мансабдорони Вазорати фарҳанг изҳор намуданд, ки мо аз соҳаи фаъолияти худ берун рафта, ҳамчун газетаи нав чоп шудем ва ин ҳам дар ҳолест, ки идомаи газетаи «Овоза ва Ҳақиқат» буда, инро дар газета таъкид накардаем. Ҳамчунин ба мо хотиррасон карданд, ки муассиси газета дигар шуд ва мутаносибан ҳуҷҷатҳо ҳам иваз шуда, вале вазоратро аз ин огоҳ накардаем», – зикр кард Қаюмзод.
Ба гуфтаи сардабири ҳафтавор, дар посухи ҷавобӣ идораи нашрия зикр кардааст, ки дар шумораи оянда ин ҳолатҳо ислоҳ карда мешаванд, вале аз вазорат номаи навбатӣ расида, дар он зикр гардидааст, ки дар шумораи нахуст ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ дода шудаааст, ки хилофи қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ» аст ва дар ин робита Вазорати фарҳанг сабти газета дар вазоратро ҳаққонӣ намешуморад.
Қаюмзод аз амали мансабдорон шикоят кард, ки ба ҷойи огоҳӣ ва муҳлат додан барои ислоҳи иштибоҳот дарҳол ҳафтаворро бастанд.
Ёдрас мекунем, ки дар
шумораи аввали ҳафтаномаи нав
мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат ба табъ расид, ки дар он шоир дар бораи дар шаҳри Волгогради Русия ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани мактаб ва тайи чор соли ахир он қадр хуш надоштани ӯ дар телевизиони тоҷик ибрози андеша намуда буд.



