БМТ: Ба туфайли чораҳои иловагӣ қурби доллар паст шуд



Ахири ҳафтаи гузашта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ нисбати асъори миллӣ то 4,94 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) коҳиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро ба роҳандозии «чораҳои иловагӣ» аз ҷониби Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеӣ марбут медонанд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза ба болоравӣ майл карда, дар баъзе нуқтаҳо то 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид. Аввали соли 2014 қурби миёнаи бозории фурӯши 1 доллари ИМА 4,92 сомониро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, нимаи моҳи феврал қурби доллари ИМА нисбати асъори миллӣ 1,5% боло рафт.

Ҳамчунин аз оғози сол қурби расмии доллар нисбати сомонӣ низ 0,6% афзуд. Имрӯз он 4,80 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аввали моҳи январи соли равон ин нишондиҳанда ба 4,77 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.

spot_imgspot_img

Популярное