Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи беш аз 172 млн. $ дар моҳи январ



Моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 828 млн. сомонӣ (беш аз 172 млн. $) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7% зиёдтар аст.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 10,1% саноати коркард – 66,6 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 23,3%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим моҳи январ дар 32 номгӯи он (35,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 38 номгӯй (42,2%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 20 номгӯи маҳсулот (22,2%) истеҳсол нашудааст.

spot_imgspot_img

Популярное