Корҳои арзёбии имкони сохтмони роҳи оҳани дохилии меъёрӣ (1435 мм) дар Тоҷикистон то ҳол аз ҷониби ширкати эронии муҳандисии «Метро» барқарор карда нашудаанд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар Вазорат зикр карданд, ки корҳои мазкур ҳанӯз нимаи дуюми соли гузашта бинобар сабаби қатъи маблағгузории лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Эрон мутаваққиф гардида буданд.
Бино ба маълумоти Вазорат, ахири нимсолаи аввали соли 2013 ҳукумати Эрон мутобиқи тавофуқҳои ҳосилшуда бо ҳукумати Тоҷикистон, барои иҷрои ин корҳо бояд дар ҳаҷми 250 ҳазор доллари ИМА як миқдори навбатии маблағро мегузаронид, аммо ин маблағ то ҳанӯз дастрас нагардида, бо ин сабаб ҳамаи корҳои минбаъда мутаваққиф шудаанд. Маблағи аввали интиқолёфта аз ҷониби ҳукумати Эрон дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА то моҳи июли соли 2013 комилан азхуд карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Эрон изҳор карда буд, ки Эрон барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Баъдтар соли 2010 Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардида буд.
Пас аз пайдо шудани номуайяниҳо атрофи сохтмони ин роҳи оҳани минтақавӣ дар Тоҷикистон, он ба сохтмони роҳи оҳани дохилии меъёрӣ тағйир дода шуд. Бунёди роҳи оҳани нав аз шаҳри Ваҳдат тариқи водии Қаротегин то марз бо Қирғизистон (Қарамиқ) дар назар гирфта шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, масофаи ин роҳ 270 километро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти релефи маҳал, сохтмони 1 километри ин қитъаи роҳи оҳан аз 8 то 10 млн. доллари ИМА арзиш хоҳад дошт. Ҳамчунин соххтмони нақбҳо (16 километр) ва 47 пул дар ин роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Аввалан пешбинӣ гардида буд, ки ширкати эронии «Метро» моҳи августи соли 2011 корҳоро оғоз намуда, дар давоми як сол онро ба итмом мерасонад, аммо корҳо ба ҳар гунае ба дарозо кашида мешуданд. Муҳандисони эронӣ изҳор намуда буданд, ки танҳо дар сурати пешниҳоди тамоми харитаҳои мавҷудаи қитъаи сохтмон онҳо корро оғоз карда метавонанд, вале раҳбарияти Вазорати нақлиёт бо зикри дар баъзе аз ин харитаҳо мавҷуд будани маълумоти махфӣ, ин дархости онҳоро рад кард.
Аввали соли гузашта пас аз содир шудани қарори дахлдори ҳукумати ҶТ харитаҳо ба ихтиёрони мутахассисони эронӣ супурда шуданд. Пас аз ин ширкати «Метро» ба фаъолият пардохта, ба итмом расонидани корҳо дар давоми солро ваъда кард, аммо баъди ним сол корҳо мутаваққиф карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки
аввали моҳи августи соли гузашта
ҳукумати Чин иштироки худ дар сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ намуд.



