Тӯли як моҳи соли равон 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ғайриқонунӣ иқомат доштанд, аз қаламрави вилоят
хориҷ
карда шуданд.
Бино ба гуфти сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, моҳи январи соли равон аз тарафи кормандони раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон 3 амалиёти муштарак бо дигар мақомотҳои дахлдор гузаронида шудааст.
«Дар ҷараёни он дар 12 ҳолат нисбат ба қонуншиканон – шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда, дар ҳаҷми умумии 2,8 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд ва 9 нафари онҳо бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ аз кишвар хориҷ карда шуданд», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон 38 субъекти хоҷагидори дорои иҷозаи ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар амал доранд, ки дар онҳо 541 нафар хориҷиён (20 нафарашон занон) кору фаъолият доранд.



