Адвокат Иноятов: Қарори суд оид ба парвандаи «Азия-Плюс» ғайриқонунӣ аст



Адвокати газетаи «Азия-Плюс» Иноят Иноятов дар мавриди қарори суд нисбати газета ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳор намуд, ки ҷониби ҳимоя қарори судро ғайриқонуниву беасос шуморида, бар ин назар аст, ки он ба ҳолатҳои воқеъии қазия мувофиқ нест ва судя Ҷобирова парвандаро якҷонибаву рӯякӣ баррасӣ намуда, усули мурофиавии воқеъбинӣ ва беғаразиро риоя накардааст.

Ба қавли ӯ, суд амалан даъвои «даъвогарони номуносиб»-ро қонеъ кард, зеро дар маводи парвандаи шаҳрвандӣ асноди ҳуқуқии тасдиқкунандаи мансубияти даъвогарон ба гурӯҳи иҷтимоии «зиёиён» мавҷуд нест. Ғайр аз ин, аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда, имрӯз дар Тоҷикистон қонунгузории танзими мафҳуми «зиёиён, зиёӣ» вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, маълум нест, ки бо кадом далелҳои собиткунанда суд даъвогаронро зиёиёни Тоҷикистон мешуморад.

«Мо ба таври хаттӣ ҳамаи далелҳои собиткунандаи гуфтаҳои Владимир Ленин нисбати ба истилоҳ «зиёиёни буржуазӣ»-ро пешниҳод намудем, вале ҷониби ба истилоҳ «намояндагони зиёиён» ҳеҷ ваҷҳи собиткунандаи онро, ки гуфтаҳои Ленин ба шаъну мартабаи кории онҳо зиён овардаасту ба онҳо зарари маънавӣ расонидааст, ба суд пешниҳод накарданд, – мегӯяд адвокат. – Бидуни ягон заминаи собиткунандаи далелҳои марбут ба азобу кулфати ҷисмонӣ ва маънавии ба онҳо расида, суд ба хулосае расидааст, ки гӯё ба даъвогарон Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳматов дар ҳаҷми 30.000 (сӣ ҳазор) сомонӣ зиёни маънавӣ расонида шудааст. Маълум нест, ки суд бо кадом асосҳо ба чунин хулоса расидааст.

Ғайр аз ин, мутмаин аст Иноятов, хулосахои суд ғайриқонунӣ ва ғайримантиқианд. «Рӯзноманигор Тутубалина танҳо аз Ленин иқтибос овардааст ва аз ин хулосаи суд бармеояд, ки имрӯз ӯ ва идораи «Азия-Плюс» барои гуфтаҳои Ленин, яъне андеша ва баҳогузории Ленин ба «зиёиёни буржуазӣ» ба ҷавобгарии шаҳрвандиву ҳуқуқӣ кашида шудаанд», – иброз дошт Иноятов.

Ба қавли адвокат, дар андешаи интиқодии Тутубалина умуман дар бораи даъвогарон (Абдиева, Раҷабов ва Раҳматов) ҳарфе гуфта нашудааст ва дар он калимаҳои «академикҳо», «нависандагон», «рассомон», «меъморон», «табибони бемориҳои пӯст», «таърихнигорон» ва ғайра ҷой надоранд. «Вақте дар мавод ному мансаби онҳо зикр нашуда бошад, пас чӣ гуна ба онҳо зиёни ҷисмониву маънавӣ расонида шудааст?», – савол медиҳад адвокат.

Дар робита ба қарори суд оид ба нашри раддия Иноятов зикр кард, ки суд дурӯғ ё буҳтономез будани маҳз кадом маълумотро мушаххас накардааст. Матни раддия куҷост ва чӣ гуна андеша  рад шуда метавонад? Ин ҳолатҳо ба нодурустии хулосаҳои суд гувоҳӣ дода, мо аз болои ин қарори суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанбе шикоят мекунем», – таъкид намуд Иноятов.   

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Қаблан дар робита ба ин қарори суд роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

Раҳматилло Зойиров

ва узви Раёсати Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ассотсиатсияи судяҳои Тоҷикистон

Ватан Абдураҳмонов

низ ибрози андеша намуданд.

Муҳаррири газетаи «Азия-Плюс», муаллифи мақолаи «Неинтеллигентно об интеллегенции» Олга Тутубалина дар ин маврид изҳор намуд, ки қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ба нафъи даъвогарон боз як аломати

маҳдудияти озодии баён

дар Тоҷикистон аст.

spot_imgspot_img

Популярное