Ҳуқуқшинос: Баъзе нерӯҳо иштироки Раҳмон дар интихоботи ояндаро қонунӣ карданианд

Пайрав Чоршанбиев



Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки чанде аз гурӯҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии оянда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар робита ба шарҳи изҳороти вакили парлумон Суҳроб Шарипов бобати ивази низоми идоракунӣ дар кишвар Ҳакимов зикр кард, ки «бешубҳа, Конститутсияи Тоҷикистон ба тағйирот ниёз дорад».

«Аммо ман аз он дар ташвишам, ки таҳти ҳар гуна иқдомоти нек гурӯҳҳои муайян бо назардошти манфиатҳои худ ва нодида гирифтани меъёрҳои конститутсия, ҳатман барои Эмомалӣ Раҳмон асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам меоранд, то ки ӯ бори навбатӣ ба сифати номзад ба мансаби президентӣ ширкат варзад», – иброз дошт ӯ.

Ҳуқуқшинос чунин мешуморад, ки алҳол «ҳама гуна андешаҳо»-и марбут ба такмили конститутсияро ба муҳлатҳои дертар гузоштан мувофиқи мақсад аст.

«Умедворам, ки интихоботи ояндаи парлумонӣ ва президентӣ мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон сурат гирифта, бо назардошти вазъи воқеъии аҳзоби сиёсӣ масоили раъйпурсии навбатӣ таҳия мегарданд», – афзуд номбурда.

Вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов

бар ин назар аст

, ки Тоҷикистон бояд дар бахши идоракунӣ ислоҳот ҷорӣ созад, ки дар натиҷа дар кишвар бояд танҳо марказ ва ноҳияҳо боқӣ монанд.

«Албатта, мақом ва нақши ноҳияҳо баланд бардошта мешавад. Тамоми ин низом аз замони шӯравӣ ба мо мерос монда, ҳадаф аз он ҷудо кардани як минтақа аз минтақаи дигар аст. Ба фикрам, дар Тоҷикистон мебояд раъйпурсӣ гузаронида, низоми идоракуниро иваз кард», – гуфт Шарипов ба журналистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...