АНМН: Қатъи фаъолияти нуқтаи фурӯши маводи мухаддир дар пойтахт

ASIA-Plus



Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро барҳам доданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентӣ ду сокини пойтахт – А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки бо паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо афюн ба миқдори калон мусодира карда шудааст. Тавре тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшудагон инчунин ба истеъмоли афюн одат кардаанд. Яке аз онҳо, Н.С. дар қайди диспансери наркологӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ҳар ду боздоштгардида ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...