Кӯшиши монеъ шудан ба вохӯрии Кабирӣ бо фаъолони ҲНИТ дар ноҳияи Румӣ

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки дар дафтари кории ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷараён дошт, ду нафар – як зану як мард кӯшиши ба дафтари корӣ ворид шуданро кардаанд.

Яке аз фаъолони ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсони номаълум худро узви ҳизб муаррифӣ карда, изҳор намудаанд, ки ба вохӯрӣ бо Кабирӣ омадаанд, вале чун аъзои бахши ҳизби ноҳия онҳоро нашинохтаанд, зан бо доду фарёд ба бино даромаданӣ шудааст.

«Ин марду зан чун дарк карданд, ки бо ин амалашон таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб накарданд, макони ҳодисаро тарк гуфтанд», – зикр кард А.Давлат.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрии мазкур раиси ҲНИТ қайд кардааст, ки имрӯз Тоҷикистон дар навбати аввал ба ҳамдигарфаҳмиву амали мутақобила баҳри ба созиш расидан ниёз дорад.

«Кабирӣ таъкид дошт, ки ҳукумати ҳама гуна давлате бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо аҳолии кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар беҳбуди ҳаёти мардум ба натиҷаи назаррасе расида наметавонад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...