Таҳияи роҳнамои тиҷоратӣ оид ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди СТҶ

ASIA-Plus



Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамроҳ


Роҳнамои тиҷоратии “Ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ”-ро


таҳия карданд.

Тавре аз намояндагии МТБ дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз таҳияи ин Роҳнамо муаррифии манфиатҳо ва имкониятҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Намунаи англисии Роҳнамо аз тақрибан 70 саҳифа иборат буда, он нахустин таҳлили бузургҳаҷме бахшида ба узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба ҳисоб меравад. Таҳияи Роҳнамои мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон анҷом шудааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар пешгуфтори худ ба ин Роҳнамо, навиштааст, “Узвияти Тоҷкистон дар ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ иқдоми мусбат аст. Узвият дар ин созмон барои ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди кишвар мусоидат намуда, роҳҳои содироти маҳсулот ва хадамоти Тоҷикистонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамвортар мегардонад”.

Жан Себастян Рур, масъули аршади МТБ доир ба соҳибкорӣ ва сиёсати тиҷорӣ, баъзе аз нуктаҳои  асосии Роҳнаморо чунин шарҳ медиҳад: “Ин пажӯҳиш хонандагонашро бо асосҳои низоми СТҶ шинос карда, ба узвияти Тоҷикистон дар ин созмон нигоҳи амиқ меандӯзад. Роҳнамо ба шарту ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорати амвол ва хадамот таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст”.

Дар Роҳнамои тиҷоратӣ, ҳамчунин, таъсир ва пайомадҳои узвияти Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалият дошта, ба мисли кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, металлургӣ, хадамоти тиҷоратӣ ва сохтмонӣ шарҳ дода шудаанд. Бар иловаи маълумоти умумӣ доир ба соҳаҳои мазкур ва дастрасии бозор ба онҳо, Роҳнамо боз чораҳое, ки дар сатҳи миллӣ барои мусоидат ба ин соҳаҳо рӯидаст гирифта мешаванд, ва пайомадҳои оянда барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандаҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Дар ин Роҳнамо зикр шудааст: “Узвият дар СТҶ ҳам бартариҳо дорад ва ҳам баръакс. Ба мисли кишварҳои дигари марҳилаи гузариш, вуруд ба СТҶ Тоҷикистонро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти муҳими иқтисодиро шурӯъ кунад. Нафъбардории ҳадди аксар аз бартариҳо ва то ҳадди ақалл коҳиш додани паёмадҳои манфии узвият дар СТҶро бо сиёсатҳои хуб санҷидашуда ва тарҳрезишудаи иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои муносиб ҷиҳати таъмин ва рушди муколамаи бахши хусусӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, ва ҷалби ҳама ҷонибҳои нафъдор метавон ба даст овард. Огаҳӣ аз созишномаҳои чандҷониба ва равандҳо ба ҳамгироии Тоҷикистон бо низоми тиҷорати чандҷониба мусоидат намуда, ба саноат ва ҷонибҳои марбутаи кишвар имкони манфиатбардорӣ хоҳад дод”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...