Зойировро ба мардони ба дафтари кориаш воридшуда рӯбарӯ карданд

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар вохӯрии рӯбарӯ бо мардоне, ки рӯзи 1-уми март ба дафтари кориаш ворид шуда, ӯро ба кӯшиши муташанниҷ сохтани вазъ айбдор карда буданд, мулоқот кард.

Ба гуфтаи Зойиров, ҳанӯз санаи 3-юми март дар робита ба ин масъала ӯ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат намуда, шикояти ӯ ба қайд гирифта шуда буд. «Қаблан муддати 5 соат ман дар ШВКД-и шаҳр ва ШВКД ноҳияи Сино талаб кардам, ки натанҳо масъалаи ҳамлаи мардон, балки ҳуҷуми занони «фаъол» низ ба дафтари кории ҳизб баррасӣ карда шавад. Сардори шуъба ин дафъа супориш дод, ки масъал баррасӣ ва ба ман посух дода шавад», – иброз дошт вай.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки санаи 4-уми март ӯ бо 4 нафар боздоштшудагон рӯбарӯ суҳбат карда, ҳар кадоме аз онҳо иқрор шудааст, ки онҳоро барои ҳамла ба дафтари кории ҲСДТ ташвиқ кардаанд. «Ба гуфтаи онҳо ду нафар мардон ба онҳо варақаҳо тақсим намуда, гуфтаанд, ки дар дафтари кории ҲСДТ вохӯрие ҷараён дорад, ки ҳадафи он анҷом додани табаддулоти давлатӣ аст», – иқтибос овард Зойиров аз гуфтаҳои боздоштшудагон.

Раиси ҲСДТ ҳамчунин гуфт, дар ин ҳолат боздоштшудагон метавонанд ба ҳар касе такя кунанд, вале ин чизеро тағйир намедиҳад. «Ман бар ин назарам, ки худи далели ҳамларо метавон ҳамчун авбошӣ ва таҳқири шаъну эътибор арзёбӣ намуд, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Агар ҳамаи моддаҳоро муттаҳид созем, ин аллакай моддаи 158 КҶ ҶТ – муқовимат ба фаъолияти муътадили ҳизб хоҳад шуд. Танҳо аз рӯи ҷинояти авбошӣ онҳоро 5 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Ба фикрам, пас аз суҳбат дар РВКД чунин ташрифҳо аз ҷониби «фаъолон» хотима меёбанд», – афзуд Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта (1-уми март) ба дафтари кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳудуди 10 нафар

мардони номаълум ворид шуда

, мақомоти раҳбарӣ ва фаъолони ҳизбро ба кӯшиши муташанниҷ сохтани вазъ дар ҷумҳурӣ айбдор карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...