Таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Сербия



Ба роҳ мондани асосҳои ҳуқуқию шартномавӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сербия дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири навтаъйини ин кишвар доктор Славенко Терзич мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Сербия, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, имконият ва иқтидори содиротӣ, рушди сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъсис додани Комиссияи байниҳукуматӣ, бастани Созишномаҳои дуҷониба ва ташкили бизнес-форумҳо иқдом пеш гирифта хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное