Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ қочоқбар Оятулло Нарзуллоеви 28-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда муддати дуру дароз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон машғул буд.
Ҳангоми боздошт О.Нарзуллоев бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштан ва 2 нафар кормандони милитсияро аз ҳаёт маҳрум сохтан, ба онҳо ҳамла намуда, бо истифода аз корд ба узвҳои бадани онҳо ҷароҳатҳои халандаю буранда расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд.
Гуфта мешавад, айни замон, айбдоршаванда Нарзуллоев Оятулло Сайфуллоевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.



