ҲНИТ омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015-ро оғоз кард



Ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 дар шуъбаи ҲНИТ дар Навоҳии тобеи маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон созмон ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин амал кори дохилиҳизбӣ буда, ҳар ҳизб бо ташкили чунин ситод метавонад барои интихоботи парлумонӣ омодагӣ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки баргузории маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ахири моҳи феврали соли 2015 дар назар аст. ҲНИТ нахустин ҳизби сиёсии кишвар мебошад, ки расман  омодагиро ба он оғоз намуд.

Пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ҲНИТ ба нишони норозигӣ бо натиҷаҳои он аз узвият ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон даст кашида буд. Он замон ҲНИТ изҳор дошта буд, ки натиҷаҳои интихобот сохтакорӣ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное