Рӯзҳои 3-5-уми апрел дар маҷмаии давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки 40 ширкат аз Фаронсаву Олмон, Туркияву Чин ва Эрону Афғонистону Тоҷикистон Намоишгоҳи байнулмилалии саноативу тиҷоратии «Toj Expo Баҳор-2014» баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз қабили масолеҳи сохтмон ва ороишот, бахши энергетика ва саноати кӯҳкорӣ, маводи ғизойӣ ва нӯшокиҳо, сайёҳӣ ва ХоРеКа – соҳаи индустрияи меҳмондорӣ (хӯроки умумӣ ва хоҷагии меҳмонхона) ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи баргузории намоиш рӯзи 5-уми апрел дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Кори ҳамоиш аз рӯи формати В2В (Business to Business) сурат мегирад.



