Ахири ҳафтаи гузашта дар Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сардори идора Мурод Хол ва муовинони ӯ бо иштироки ширкатҳои дорои иҷозатнома ба гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ дар Тоҷикистон машварати техникӣ доир гардид.
Аз Саридораи геологияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машварат ҳисоботи ширкатҳои мазкур оид ба кори иҷрошуда дар давоми соли 2013 ва нақшаҳо барои соли 2014 баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар машврат ҳамчунин ҳисоботи ширкатҳои машғул ба истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи бузургтарини ин соҳа – КМ «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ширкатҳои машғул бо фаъолият тибқи созишномаи Бохтар дар бораи тақсими маҳсулот нақшаи корашон барои соли 2014-ро пешниҳод накарданд. Сардори Саридораи геология изҳори умедворӣ намуд, ки ба ин корҳо суръат бахшида шуда, ояндаи наздик ҳисобот пешниҳод мегардад, – гуфт манбаъ. – Ширкати Gazprom International корҳо дар қиьтъаи Сариқмишро идома дода, дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав 1п» озмоишҳо мегузаронад».
Зимнан зикр гардид, ки ширкати Gazprom International ҳамчунин дар қитъаи дорои иҷозатномаи «Шоҳамбарии Ғарбӣ» низ корҳои иктишофиву геологӣ мегузаронад.





