Санаи 15-уми апрели соли 2014 Иттиҳодияи ҷамъиятии Лигаи занҳои хуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки Ташкилоти байналхалқии ислоҳоти низоми маҳбас (PRI), Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конференсияи минтақавии «Роҳ ба сӯи бекорсозии пурраи ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи кишвархои Осиёи Марказӣ»-ро баргузор менамояд.
Дар иттилоияи ШТ байналмилалии ИҶК «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар кори конференсия коршиносони байналхалқӣ аз ҷумхуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Идораи ваколатдори хуқуқи инсони ҶТ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотхои байналхалқӣ иштирок хоҳанд намуд.
Кадами муҳим дар рохи бекорсозии хукми катл ин Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба МО аз 30-юми апрели соли 2004 буд. Дар паём сухан оид ба ҷорӣ кардани мораторий ба иҷрои хукми қатл эълон карда шуд. Чӣ тавре ки роҳбари кишвар зикр намуд: «ҳуқуқ ба ҳаёт арзиши олӣ буда, ҳеҷ кас набояд шахсро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад».
Натиҷаи ҷамъбастии раванди демократикунонии кишвар аз ҷониби Парламент қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15-уми июли соли 2004 мебошад, ки ин аз дастовардҳои назаррас дар таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт дарак медиҳад.
Маҳрум намудан аз ҳаёт маънои охирати ҳастии фард, шахсият ва узви чомеаро дорад. Тамоми ҳуқуқҳои дигар дар ҳолати фавти инсон маъно ва зарурати худро гум мекунанд. Бинобар ин, ҳуқуқ ба ҳаёт бояд таҳти ҳимояи сатҳи баландтарини ҳуқуқӣ қарор дошта бошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон изҳор дошт, ки бекорсозии ҷазои қатл дар Тоҷикистони муосир имкон дорад.
Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 ин ҷониб узви Коалитсияи умумиҷаҳонии зидди ҷазои қатл мебошад. Дар тӯли тақрибан се сол тавассути Барномаи хуқуқи инсони Дафтари Швейтсария лоиҳаи тавсеаи иттилоот дар байни аҳолӣ оид ба мушкилоти бекорсозии ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намуда истодааст.





