Шуҳрат Қудратов аз болои судя ба Шӯрои адлия шикоят бурд



Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов аз болои судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Абдураҳмонзода Бахтиёр барои рад кардани пешниҳоди сабти аудиоӣ, ки дар он Қудратов гӯё дар бораи «ҷабрдида аз таҷовуз ба номус» аз рӯий парвандаи соҳибкор таҳқиромез сухан гуфтааст, ба Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ шикоят бурд.

Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 15-уми апрел котиби масъули суди ноҳияи Фирдавсӣ дархости адвокат дар бораи шиносоӣ бо аризаи Моҳира Бобораҷабова ва модари ӯ Гулнора Бобораҷабова бобати аз ҷониби ӯ паст задани шаъну эътибори Моҳира Бораҷабоваро қабул кард.

«Суд изҳор намуд, ки ман метавонам нусхаи аризаи онҳо ва сабти аудиоиро аз судя Абдураҳмонзода Бахтиёр бигирам, вале судя додани сабти аудиоиро рад кард, зеро гӯё ӯ барои бозсабти он техникаи зарурӣ надоштааст. Нусхаи аслиро ӯ ба ман дода наметавонист. Гузашта аз ин, ӯ ба ман барои гӯш додани ин сабт низ имкон надод, ҳарчанд дар парванда он яке аз далелҳои асосӣ муқобили ман мебошад», – гуфт адвокат ва илова намуд, ки агар аз мазмуни сабти аудиоӣ огаҳ нагардад, худро ҳимоя карда наметавонад.

Адвокат зикр кард, ки ин амали судя мухолифи моддаи 37-и Кодекси мурофиаи граждании ҷумҳурӣ аст, ки дар он оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони дар парванда иштирокдошта сухан меравад.

Ёдрас мекунем, ки Моҳира Бобораҷабова, ки гӯё ба номусаш соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов таҷовуз кардааст, аз болои яке аз адвокатҳои соҳибкор – Шуҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибораш ба суди ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурд ва 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб кард.

Дар аризаи даъвогар ҳамроҳ бо модараш қайд мешавад, ки Шуҳрат Қудратов дар бораи духтар дар шабакаи Интернет маълумоти бардурӯғ паҳн намуда, бо ин амал шаъну эътибори ӯро паст задааст.

«Вале дар ариза зикр нагардидааст, ки ман кадом маълумотро дар шабакаи Интернет паҳн кардам ва дар ин хусус ман тасаввуроте ҳам надорам», – қаблан гуфта буд Қудратов.

Судя Абдураҳмонзода Бахтиёр ба адвокат гуфтааст, ки даъвогарон ба ариза ҳамчунин сабти аудиоиро низ замима кардаанд, ки дар он Қудратов гӯё дар бораи зани ҷавон «носазо» мегӯяд ва ҷавобгар пас аз муроҷиати хаттӣ метавонад бо ин сабт шинос шавад.

spot_imgspot_img

Популярное