Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти ду ташкилоти қарзиро бекор карданист.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Бонки миллӣ иҷозатнома барои фаъолияти Ташкилоти қарзии хурди «Субҳи Урметан», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Ҳафт Ганҷ»-и шаҳри Панҷакентро бозхонд намуд.
«Сабаби бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ин ташкилотҳо муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар будани онҳо аст. Дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод карда шуданд.», – хабар медиҳад БМТ.
Гуфта мешавад, пас аз содир шудани ҳалномаи суд иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», дар сурати риоя накардани талаботи бонки танзимкунандаи ҷумҳурӣ, Бонки миллии ҷумҳурӣ ба бозхонди иҷозатномаи муассисаи қарзӣ ҳуқуқ дорад.
Айни замон дар Тоҷикистон 42 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.



