Анонс
– 19
апрел
дар шаҳри Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахтро таҷлил мекунанд, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. Чорабинии асосии ҷашнӣ нимамарафони байнулмилалӣ аст;
19
апрел
соати 10-30 дар «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев маросими тақдими ҷоизаву мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои гуногуни шаҳрӣ доир мегардад;
– 20 апрел
православиҳои Тоҷикистон иди Фасҳ (Писҳо, Пасха)-и муқаддасро ҷашн мегиранд;
– 20 апрел
дар театри «Падида» (чойхонаи «Роҳат») дар Душанбе иди «HOLI» баргузор мешавад. Созмондиҳандагон – Bactria Cultural Centre ва OO Alegria. Дар барнома рақсу мусиқии ҳиндӣ, таъомҳои ҳиндӣ ва фестивали рангҳо;
– 21 апрел
дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе соати 09-00 маросими ифтитоҳи семинарии ҳамасола оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ дар хориҷа барпо мешавад. Суроға: ш. Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, хонаи 28.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.8241
сомонӣ;
1
евро –
6.6702
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.134
5
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
19 Апрел
1935
– Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.
1970
– Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.
2008
— Дар Душанбе фестивали байнулмилалии косибони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон ба кор шурӯъ кард.
1904
– Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.
1908
– Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).
1950
– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.
1962
– Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.
20 Апрел
1949
– Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.
1923
– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.
1931
– Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.
1933
– Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.
1934
– Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.
1935
– Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.
1938
– Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.
1939
– Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.
1946
– Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.
1956
– Мавлуди журналист Давлатбев Ҷалолов.
1959
– Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.
1960
– Мавлуди Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона +2+7.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.



