Нисбат ба директори ҶДММ «Хуҷандсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд барои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бино ба иттилои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, директори «Хуҷандсохтмон» О.А. дар давраи аз моҳи марти соли 2012 то моҳи феврали соли 2013 ҳангоми ба иҷро расонидани корҳои сохтмон дар бинои нави маркази бемориҳои равонӣ маблаги 102 ҳазору 534 сомонӣ воситаҳои буҷетиро азхуд кардааст.
Гуфта мешавад, нисбати директори корхона мутобиқи моддаи 245, қ. 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



