Аз 25 то 26-ум апрел қурби расмии доллари ИМА ногаҳон аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳ ёфт.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, санаи 25-ум апрел қурби расмии 1 доллари ИМА-и аз ҷонби Бонки миллӣ муқаррашуда 4,8215 сомонӣ ва аллакай санаи 26-ум апрел бошад, 4,9214 сомониро ташкил додааст.
Сабабҳои рӯйи кор омадани чунин қарор аз ҷониби Бонки миллӣ алҳол маълум нестанд ва худи БМТ низ онро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Аммо дар
посух ба саволҳои хабарнигори «Азия-Плюс
» дар робита ба қурби доллари ИМА, аз БМТ иттилоъ доданд, ки аз оғози сол то 21-уми апрели соли 2014 қурби бозории сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз 4,94 то 5,05 сомонӣ ё худ 2,2% коҳиш ёфтааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар минтақа мебошад.
Қурби евро низ ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфта, санаи 25 апрел – 6,6926 сомонӣ ва аллакай 26-уми апрел 6,8525 сомониро ташкил дод. Қурби расмии рубли русӣ ин рӯзҳо бетағйир боқӣ монда, ба 0,1258 сомонӣ барои 1 рубл баробар буд.
Арзиши бозории асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон санаи 28-уми апрел ба ҳисоби миёна 5,08 сомонӣ (фурӯш) ва 5,0625 (харид)-ро ташкил дод. Рӯзи 25-уми апрел ин нишондиҳандаҳои мутаносибан ба 5,0588 ва 5,0413 сомонӣ баробар буданд.
Ба ҳолати 28-уми апрел қурби аз ҳама баландтарини фурӯши доллари амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд – ба ҳисоби миёна 5,09 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб он ба ҳҳсоби миёна – 5,08, Душанбе – 5,07 ва Хоруғ – 4,97 сомониро ташкил дод.
Дар бозори байнибонкии асъорӣ имрӯз, 28-уми апрел қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА 5,0411 сомонӣ ва қурби харид – 4,9661 сомониро ташкил дод.
Имрӯз қурби бозории евро дар ҷумҳурӣ 6,89 сомонӣ (фурӯш) ва 6,86 сомонӣ (харид)-ро ташкил дод. Дар амалиёт бо рубли русӣ низ қурбҳо каме тағйир ёфта, имрӯз 10 рубли русӣ ба 1,4050 (фурӯш) ва 1,3950 (сомонӣ) баробар шуданд.



