АНМН: Мусодираи 4 кило маводи мухаддир дар Суғд



Рӯзи 29-уми апрел кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сокини 36-солаи маҳаллӣ боздошт карда шуд.

Дар вақти кофтуков аз ӯ халтаи полиэтиленӣ мусодира гардид, ки дар дохили он се адад бастаҳои печонида шуда бо маводи рангаш сабз мавҷуд буд.

Маводи нашъаовар барои ташхис равон карда шуд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда гашиш буда, вазни он қариб чор килограммро ташкил менамояд.

Аз рӯи ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, боздоштшуда дастгир гардид. Айни ҳол чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ давом доранд.

spot_imgspot_img

Популярное