Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Хатлон



То ба имрӯз дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 100% ба иҷро расид.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, айни замон нақшаи даъват дар ВМКБ – 96%, вилояти Суғд – 73%, , ноҳияҳои тобеи марказ – 85% ва шаҳри Душанбе – 82% иҷро шудааст, ки дар саросари кишвар 85%-ро ташкил медиҳад. «Тибқи пешгӯиҳо, нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ нимаи моҳи май анҷом меёбад», – иброз дошт ӯ.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст. 

spot_imgspot_img

Популярное