Рӯзи 8-уми май пас аз анҷоми нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав мулоқоти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон аз 9-уми май, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба зарурати ҳаллли масоили таъин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки минбаъд чунин вазъ такрор нашавад.
«Дар ҷараёни гуфтушунид зикр гардид, ки масъалаи мазкурро мебояд дар сатҳи ҳукуматҳо ҳаллу фасл намуд», – гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон алҳол ин масъаларо шарҳ надодааст.
Роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки пас аз муноқишаи ахир дар марзи давлатӣ ва осеб дидани 60 нафар аз ҳарду тараф бар асари он аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда буд, аз 9-уми май
барои ҳаракат боз шуд.
Дар бора як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
«Миёни аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду тараф оид ба минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо ва пешгирии вазъи нооорому ташвишовар дар марзи давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд», – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Ботканд аз рӯи аризаҳои шикоятии шаҳрвандони осебдидаи Қирғизистон, ки амволашон барқасдона нобуд карда шудаанд ё осеб дидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудаст.
Тибқи фарзияи ВКД Қирғизистон, зимни муноқиша миёни аҳолии деҳоти наздимарзии кишварҳо аз ҷониби издиҳоми зиёди шаҳрвандони тоҷики ҷамъомада нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 2 контейнери орду семент, 2 автомашинаи тамғаи «КамАЗ»-и муталлиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон сӯзонида шудаанд.
Айни замон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон 13 далели авбошӣ, барқасдона нобуд сохтан ё зарар расонидан ба амвол ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 9 далел мутобиқи моддаҳои 234 (Авбошӣ) ва 174 (Барқсадона нобуд сохтан ё зарар расонидан ба амвол)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
Дар идомаи хабари мақомоти интизомии Қирғизистон қайд мешавад, ки аз рӯи далелҳои дигар санҷиши пеш аз тафтишотӣ гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, далелҳои ғоратгарӣ ва дуздии амвол низ ҷой доштаанд.
Зикр мегардад, ки 12 нафар шаҳрвандони ҷароҳатгирифтаи Қирғизистон дар ҷараёни муноқиша ба бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.
Тибқи фарзияи ҷониби Тоҷикистон,
сабаби рух додани муноқиша
он будааст, ки як гурӯҳ ҷавонони сархуш аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи автомашинаи сокини Ворух, ки аз Исфара меомадааст, сангандозӣ кардаанд. Пас аз муноқиша издиҳоми зиёди мардум аз ҳарду ҷониб ҷамъ шуда, аз муноқишаи лафзӣ ба сангандозии ҳамдигар пардохтаанд. Қирғизҳо ҳанӯз рӯзона дар ҷойи ҳодиса санг ҷамъоварӣ намудаанд.
Зикр гардида буд, ки ҳафт нафар сокинони Исфара бо ҷароҳатҳо ба бемористон бистарӣ шуда, як ҳамдиёри мо аз тири милтиқи шикорӣ захм бардоштааст. Кормандони мақомоти интизомии ҳарду кишвар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои пароканда сохтани издиҳом ба ҳаво тир холӣ кардаанд.



