Собиқ директори бозори Шоҳмансур Асомуддин Ризоев ба коррупсия гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттили сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Ризоев Асомуддин дар вазифаи Директории корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и ш. Душанбе, кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ, тахминан моҳи феврали соли 2012 аз шаҳрванд Раҳимов Ҳ.П барои ҷудо карда додани қитъаи замин ба миқдори 40 м2 аз ҳудуди бозори мазкур барои сохтмони ошхона маблағи 10.000 доллари ИМА талаб карда гирифтааст. «Бар ивази он автомашинаи тамғаи «Тайота Карола» ро гирифта истифода намуда,ва то инҷониб ягон амали муайянро иҷро накарда, дар натиҷа ба шаҳрванд зарари калон расонидааст», – омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, нисбати Ризоев А. бо аломатҳои моддаи 279 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Айни хол тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.



