Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳороти муштарак интишор намуданд. Дар зер матни пурра изҳоротрро манзуратон мекунем:
«Мо ҳолати қатъиро дар Украина мушоҳида карда истодаем. ИМА ва ИА то ҳол ҷонибдори ҳалли ин бӯҳрони авҷёфта тавассути гуфтугӯ мебошанд. Ҳимояи ҳуқуқи ҷудонопазири Украина бо мақсади ҳифзи якпорчагии марзӣ , соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияташ вазифаи маънавии ҳар миллати ботамаддунест, ки ба волоияти қонун эътимод дорад.
Чуноне ки Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ба наздикӣ иброз дошт: «Ҳангоме ки унсурҳои русиягӣ бар ивази дар амал татбиқ намудани ӯҳдадориҳое, ки дар шаҳри Женева бар дӯшашон гирифтанд, алангаҳои бесуботиро меангезанд, ИМА ва ИА бетараф нахоҳанд буд». Дар асоси хулосаи музокирот дар шаҳри Женева, Ҳукумати Украина чораҳои бетаъхиру мушаххасро барои мӯътадилгардонии вазъият дар Киев андешид; мо аз он ноумед гардидаем, ки Русия ин амалро нишон надод.
Намояндаи олии ИА Кэтрин Эштон возеҳ кард, ки «ИА ҳеҷ кадом “раъйдиҳии” беасосу ғайриқонуниро эътироф нахоҳад кард. Мо итминон дорем, ки таваҷҷӯҳи ҳамаи тарафҳо ба татбиқи изҳороти Женева, ки гуфтушунид ва анҷоми зӯроварию фитнаангезӣ унсурҳои асосии он мебошанд, бениҳоят муҳим аст ».
«Инчунин нисбат ба саъю кӯшишҳои ҷудоихоҳони тарафдорони Русия дар Донетск ва Луганск ҷиҳати ташкил кардани раъйдиҳии сохтаю қалбакӣ дар санаи 11-уми май бо мақсади ба даст овардани истиқлолият нигаронии зиёд зоҳир менамоем. Мо ин кӯшишҳои ғайриқонуниро, ки минбаъд ба ҷудо сохтани Украина равона шудаанд, қатъиян рад мекунем. Ин такрори воқеаҳои сенарии Қрим мебошад. Ҳеҷ кадом халқи ботамаддун натиҷаҳои онро эътироф нахоҳад кард; ва агар Русия барои қонунӣ гардонидани аннексия дар қисми шарқӣ ё ҷанубии Украина бо мақсади қадами навбатӣ монад ва қувваҳои бештарро аз сарҳад гузаронад, аз ҷониби ИМА ва ИА муҷозоти ҷиддӣ ба вуҷуд хоҳанд омад» – қайд намуд ҷаноби Керри.
Комилан маълум аст, ки ИМА, ИА ва шариконамон на фақат барои дастгирии Украина муттаҳид шудаанд , балки барои коҳиш додани вазъияти муташшаниҷ ба ҳам омаданд; аз ҳалли сулҳхоҳона ва дипломатӣ ҷонибдорӣ менамоянд; эътироф аз он доранд, ки чун миёни Русия ва Украина робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра вуҷуд доранд, ҳимояи онҳо бояд бо роҳи музокироти дипломатӣ, на бо роҳи зӯроварӣ пеш бурда шавад.
Интихоботи санаи 25 май дар Украина бояд ба таврӣ озод ва адолатпарвар гузарад. Мо барои фароҳам овардани имконият ба мардуми Украина барои ба таври демократӣ муайян намудани ояндаашон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Чунон ки президент Обама равшан сохт, агар унсурҳои русиягӣ кӯшишҳояшонро барои халал расондан ба рафти демократӣ ва гузаронидани интихоботи озоду адолатпарвар дар Украина давом диҳанд, он дар муносибатҳои байни ИМА-ИА ва Русия дар соҳаҳои мухталиф ба оқибатҳои иловагӣ бо таъсири дарозмӯҳлат оварда мерасонад».



